БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН ВАЗИФАИ ИМОНИВУ ВИҶДОНИИ ИНСОНИ КОМИЛ

АНДЕША. Муҳимтарин ва боарзиштарин дороии давлат ин доштани артиши пурқудрат буда, оромию осудагӣ, ободию зебогии кишвар аз қудрати артиш вобаста аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд намуд, ки “Ҳадаф аз ташкили Артиши миллии Тоҷикистон ин таъмини амният дар кишвар ва муҳайё сохтани фазои осоишта ба мардуми ин диёр аст”. Пас эй ҳамватан биёед, бо ҳам сарҷамъ шуда, баҳри ҳифзи марзу буми диёри аҷдодиямон камари ҳиммат бандем!

Шукр мекунем, ки кишвари мо дорои чунин як артиши пурнӯру ва боваринок аст, ки онро ҷавонони миллатдӯсту ватанпарасти ин миллат ташкил медиҳанд, ки инро меноманд хизмати халқу Ватан ва модар! Ҳоло ки мо дар даъвати тирамоҳии хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ қарор дорем, ҳар як ҷавони ба синни даъватӣ мувофиқбударо зарур аст, ки ихтиёран ба ин сафи шарафу ифтихор, яъне сафи Қувваҳои мусалллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бипайвандад, зеро чуноне, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид менамояд, ки хизмат ба Ватан- Модар яке аз муҳимтарин вазифаҳои имониву виҷдонии инсони комил маҳсуб меёбад. Барои ҳар як фарди бедордилу худшинос, махсусан ҷавонон - неруи бузургу созандаи кишвар ҳар зарра хоки муқаддаси Ватан азизу муқаддас мебошад. Маҳз бо шарофати талошҳои пайваста ва ватандӯстонаи Пешвои миллат Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, имрӯз ба як сохтори боэътимод ва неруи бузург табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ буда, дорои Қувваҳои Мусаллаҳи худ мебошад. Бо мақсади мудофиаи мамлакат Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврвли соли 1993 таъсис дода, уҳдадории ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст. Ҷавононе, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат намудаанд, ё ин ки хизмати аскариро адо намудаанд, онҳоро ҳамчун ҷавонони баркамол, мардони ҳақиқӣ номидан ба воқеият наздик аст, чунки хизмат ба Ватан ин хизмат ба Модар, посдории мукаддасоти миллӣ ва арзишҳои суннатии миллати кӯҳанбунёди мо тоҷикон ба шумор меравад.

Абдуллоев Муҳамадюсуф, мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg