Дар ҷаҳони муосир собит гардидааст, ки ҳар ҷое амалия ба илм тавъам аст, он ҷо рушд ва пешрафту комёбиҳо назаррас мебошанд. Илм поягузори рушди устувор, самаранокӣ дар иқтисодиёту истеҳсолот, пойдорӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва комгорӣ дар сиёсату маънавиёт арзёбӣ мегардад.
Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш иброз намудаанд: «Баланд бардоштани маҳорати касбии роҳбарон, истифодаи ҳаматарфаи натиҷаҳои илмию таҳқиқотӣ дар раванди истеҳсолот, васеъ намудани фаъолияти инноватсионӣ, ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ, пайвастагии илм ва истеҳсолот ва дигар чораҳо муҳим мебошанд».
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), ки пешоҳанги сиёсати давлат мебошад, дар шароити имрӯза татбиқи илман асосноки ҳадафҳои он тақозо мегардад. Зеро маҳз ҳадафҳои созандаи ҳизб бо роҳбарии Пешвои миллат тавонист, ки сиёсати пойдори давлати навини тоҷиконро ташаккул диҳад, онро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун мамлакати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ маъруф гардонад, сулҳу ваҳдатро байни аҳли ҷомеа пойдор намояд, вазъи иҷтимоию иқтисодии халқро беҳ гардонад.
Ҷалби олимону муҳақиқон ба коркарди илмии татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ имкон медиҳад, ки нишондиҳандаҳои муайяншуда сари вақт, суроғавӣ, пурмаҳсул ва устувор дастёб гарданд; мактаби илмии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташаккул ёфта, кадрҳои болаёқати аз лиҳози идеологӣ омодагашта ба таҳкими иқтидори илмии мактаби сиёсии Пешвои миллат ба роҳ монда шуда, механизмҳои муосири рушди устувори асосҳои институтсионалии мамлакат ташаккул дода мешаванд.
Бо мақсади таҳким бахшидани рукнҳои илмӣ-амалии фаъолият ва ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун мактаби сиёсӣ, ҳамзамон дастовардҳои сиёсии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи 30-соли Истиқлолияти давлатӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо ДДД Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат”–ро дар ноҳияи Данғара баргузор намуд.
Дар қисмати расмии кори Конференсия роҳбарияти вилояти Хатлон, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Маҳмадюсуф, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаву математика Раҳимӣ Фарҳод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода ва ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Шоҳиён Нуралӣ Набот баромад карда, ба иштирокчиён муваффақиятҳо таманно намуданд.
Конференсия дар шакли мустақим ва фосилавӣ (онлайн) доир гардида, аз донишгоҳу донишкадаҳои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Донишгоҳи Данғара дар чаҳор бахш: “Сиёсатшиносӣ ва идоракунӣ”, “Иқтисодиёт ва энергетика”, “Ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ”, “Кишоварзӣ ва саноатикунонӣ” наздики 80 мақолаҳои илмию таҳлилии олимон, муҳаққиқон, ходимони сиёсӣ ва шахсоне, ки ба корҳои илмию тадқиқотӣ машғул мебошанд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аввалҳои моҳи декабри соли 2020 Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” зери унвони “Ҳар як андеша, нуқтаи назар ва пешниҳоди созанда-мусоидкунанда ба рушди устувори кишвар барои мо муҳим аст” дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардида, дар кори он 50 мақолаҳои илмӣ баррасӣ шуда буданд. Ин Конференсия идомаи мантиқии ҳамоиши гузашта мебошад ва ин иқдом идома меёбад.
Шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон