БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон- тарғибгари фарҳанги миллӣ

ҚУБОДИЁН. Бо мақсади баррасии Паёми имсола гурȳҳи кории таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб  дар деҳаи Гузари болои ҷамоати шаҳраки Қубодиён сокинон вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур зикр гардид, ки соли дуюум аст, ки Пешвои миллат Паёми худро дар поёни соли милодӣ ироа менамоянд, ки он ҳамчун як барномаи  мукаммали солонаи ҳар як фарди тоҷикистонӣ маънидод гардида, нақшаву вазифаҳои навбатӣ ва ояндаро барои расидан ба ҳадафҳои назаррас бо мақсади таъмини рушди устувори рȳзгори мардум қарор мегирад.

Дар Паёми худ Пешвои миллат иброз доштанд, ки  “Нишондиҳандаҳои рушди нерȳи инсонӣ аз се самти асосӣ-дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборат мебошад”  ва тасдиқи ин гуфтаҳо шаҳодат аз он медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҳия ва қабули  барномаҳои давлатӣ тадбирҳои судмандро амалӣ менамояд.

Ҳамчунин  оид ба   эълон намудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сухан намуда, вобаста ба самтҳои афзалиятноки рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин ҷода беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи некȳаҳволии мардум сухан намуда, даъват бар он карда шуд, ки барои рушд додани ҳунару анъанаҳои миллии хеш ва омӯзонидани ҳунар ба насли наврас саҳмгузор бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg