БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём роҳнамои мардум барои расидан ба қуллаҳои мурод

ЁВОН. Чанде қабл бо иштироки аҳли заҳмати деҳаи Охуҷари  ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва бо даъвати Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ директори Маркази зидди бемориҳои ВНМО/СПИД Алифов Ҷ, мудири тиббӣ-машваратии ҷавонону наврасони беморхонаи марказии ноҳия Иззатуллоева Сайёра иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби М. Солиҳов намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия атрофии Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба ободони маҳал, сабзу хуррамгардонии он, тоза намудани ҷȳйю заҳбурҳо, сафед намудани девору атрофи манзилҳои истиқоматӣ, иштирок ва саҳм гузоштан дар созандагию ободонӣ, тарбияи дурустӣ фарзандон, тарғиби арзишҳо ва фарҳанги миллӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва ғайра андешаронӣ карда шуд.

Инчунин, аз ҷониби Алиев Ҷаҳонбек ва  Иззатуллоева Сайёра оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҷумла ВИЧ/СПИД, роҳҳои гузариши он, пешгирии аз паҳншавии ин бемориҳо, пешгирии таваллуд дар хона, аз байн бурдани никоҳи хешу таборӣ,  аз муоинаи тиббии ҳатмӣ гузаронидани навхонадорон андешаронӣ карда шуд.

Дар охири  маҷлиси мазкур дар назди деҳаи Оҳуҷар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оҳуҷар» таъсис дода шуда, Хушвахтов Музаффар раиси ташкилот интихоб карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg