ШАҲРИТУС. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус дар ташкилоти ибтидоии «Шифо» суҳбату вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрӣ масъулин вобаста ба таърих ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои Барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки бо мақсади таъмини зиндагии шоистаи мардум роҳандозӣ шудааст ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд.
Инчунин, оид ба дастовардҳои беназире, ки дар 30-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон созандагию ободкорӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тавсеа бахшидани анъанаҳои миллӣ, татбиқи ҳатмии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва давраи пандемияи ҷаҳонӣ, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст ва бо мақсади риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ, пешгирӣ аз касалии сироятӣ сухаронӣ карда шуд.