ҶАЙҲУН. Дирӯз бо иштироки роҳбари гурӯҳи намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан"-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ғафорова Насимахон дар якҷоягӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вобаста ба ҷалб намудани ҷавонон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, дар оянда дуруст интихоб намудани касб ва даъват намудани онҳо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо хонандагони синфҳои болоии МТМУ №17 суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки масъулин зимни суҳбат вобаста ба иштироки фаъолона дар дарсҳо, ба ҷо овардани тартибу интизом, ҳурмату эҳтироми ҳамдигарӣ ва ҳамчунин дар замири онҳо ҷой намудани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ андешаронӣ карда шуд.