Н.ХУСРАВ. Бахшида ба иди касбии омӯзгорон дар ноҳияи Носири Хусрав ботантана ҷашн гирифта шуд.
Дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 26 бо иштироки васеи кормандони сохтори маориф ҷалсаи тантанавӣ бахшида ба рӯзи касбии омӯзгор баргузор гардида, дар он раиси ноҳияи Носири Хусрав Нишонзода Даврон ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ализода Сурайё иштирок намуданд.
Ҷамъомади тантанавиро раиси ноҳияи Носири Хусрав Нишонзода Даврон ифтитоҳ намуда, омӯзгорону кормандони сохтори маорифи ноҳияро ба Рӯзи касбиашон табрику муборакбод намуда, қайд кард, ки бо назардошти вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир мактабу маориф омили муҳимтарини амнияти миллӣ мебошад. Зеро дар ҷаҳони пуртаззоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб аз худ кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи кишварро таъмин намояд. Дар амалӣ намудани ин масъалаи басо муҳиму афзалиятнок, саҳми омӯзгорон хеле назаррас бояд бошад. Аз ин рӯ давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар назди муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон вазифаи басо муҳим, ҷиддӣ ва мураккаб-таълиму тарбияи инсонро гузоштааст. Таълиму тарбияи насли наврас вазифаи пурмасъулият буда, аз омӯзгорон муносибати ҷиддиро талаб менамояд. Спас. Ба як қатор омӯзкорони фаъолу собиқадор ифтихорнома тақдим карда шуда, бо барномаи фарҳангӣ чорабинии идома анҷом ёфт.