ПАНҶ. Яке аз иншоотҳои ҷашние, ки дар маркази ноҳия сохташудаистода имрӯзҳо раванди корҳои сохтмонӣ дар он вусъати тоза пайдо намудаанд, бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ мебошад.
Бинои мазкур имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ ва дастгирии шуъбаи маорифи ноҳия, Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Молу мулки ғайриманқул» -и ноҳия сохта шуда истодааст. Дар ин бино аллакай 82 фоизи корҳо ба анҷом расонида шуда, корҳои дигари сохтмонӣ бомаром идома дорад.