БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ СУДМАНД БАҲРИ ДАР АМАЛ ТАТБИҚ НАМУДАНИ ҚОНУНҲОИ МИЛЛӢ

ЛЕВАКАНТ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти Ваҳдат бо ҷалби сокинони деҳа ва омӯзгорну хонандагони муассиса хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ намояндагони МИҲД-и шаҳри Левакант, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Олимзода Низора, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Султонов Ҳикматулло, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Саидов Беҳрӯз, намояндаи бахши маориф Холматов Бахтовар ва сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии «Нури Сарбанд» Орзу Ашуров иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ баромадкунандагон дар бораи риояи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентӣ, аз ҷумла кишти такрорӣ, истеҳсоли захираи кофии маводи хӯрока, захира кардани ғалладонагӣ, пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, татбиқи аксияҳои ҳизбӣ суханронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg