БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АНЪАНАҲОИ МИЛЛИИ МЕҲМОННАВОЗИИ ТОҶИКОН

АНДЕША. Тоҷикон бо меҳмоннавозӣ ва  волонеъматии хеш дар ҷаҳон ном баровардаанд. Ҳар касе, ки боре вориди хонадони тоҷик гардидааст, як умр меҳмоннавозии ӯро фаромӯш намекунад.

Воқеан ҳам, халқи мо меҳмонро  атои Худованд мешуморад ва  чун ҷони хеш азизу мӯътабар медорад.

Пирони  рӯзгордидаву корозмуда  мудом талқин мекунанд, ки зинатро фурӯш, тамоми афзоли рӯзғоратро ба гарав гузор,  вале хотири меҳмонро пос бидор. Боз мегӯянд, агар ягон чизи дар  бисотат буда пазируфтаи меҳмон  гардад, мумсикӣ накарда ба вай  бубахш.

Иззату икроми  меҳмон аз дами  дарвоза оғоз мешавад. Соҳибхона  меҳмонро хоҳ шиносаду хоҳ нашиносад, бо суханони самимиву хушовард истиқбол гирифта, ӯро холпурсӣ мекунад, “Хайрамақдам” мегӯяд, барори корашро мехоҳад, аз хешу табор ва наздиконаш пурсон шуда, зуд ба дасташ об рехта  ва дастпоккун дода, ҷои  нишаст  нишон медиҳад.

Соҳибхонаи оқил барои пешгирии ин зуд ва чолокона дастархон паҳн  карда, меҳмонро ба хӯрок  даъват менамояд.

Ҳангоми пешвоз ва қабули меҳмон  асло сир бой додан мумкин нест, ки  вай ношинос, нохонда ва дармондааст. Барои поси хотири меҳмон ғаму ҳасрати хешро фурӯ бурда, худро  хушу хурсанд вонамудан  кори  савоб аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки  соҳибхонаи оқилу доно пеши  меҳмон пишакашро пишт намегӯяд.

Басо хуб мебуд, ки дар ҳузури  меҳмон зану шавҳар аҳли оила бо ҳамдигар самимона муносибат  кунанд, хушнудона ҳоли меҳмонро  пурсанд ва ба хизматаш омодагӣ зоҳир кунанд. Дар хотир бояд дошт, ки ё аз хурсандии бепоён, ё  аз меҳру муҳаббати  беандоза нисбат ба шумову аҳли хонаводагӣ   ё аз ғами гарону арзу ниёзи  таъҷилӣ дари Шуморо мекӯбад. Ба вай  меҳрубонӣ кунед то ноумед нашавад.

Ҳар касе, ки меҳмонро пазируфта ба вай меҳрубонӣ кунад, худ рӯзе ба караму илтифоти вай хоҳад  расид. Яке аз фазилатҳои  инсони  комил одоби муоширату меҳмоннавозии ӯст.

Аммо баъзан чунин одамонро дидан мумкин аст, қабули меҳмон хушашон намеояд. Бинобар ин  меҳмонро дида рӯй турш  мекунанд, баҳона меҷӯянд ва худро  ношинос мегиранд. Меҳмон аз ин  кирдор ранҷида дигар дари он хонадонро  ҳаргиз намекӯбад. Бесабаб намегӯянд,  ки агар кори носазое ё нанговаре бикунӣ, сухани носазое бигӯӣ, баъди он чӣ қадар тавбаву тазарро накунӣ, тири аз камон ҷаста барнамегардад.

Воҳид Дилафрӯз Сафарӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg