ШАҲРИТУС. Бо ташаббуси Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳритус дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши кор бо ҷавонон ваоид ба сафарбар намудани ҷавони синни даъватӣ ба Артиши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ фаъолони ноҳия, ҷавонписарони ихтиёрӣ, инчунин барои гусел намудани ҷавон ба хизмати Ватан-Модар волидайни онҳо иштирок карда, намоиши фарҳангӣ (базми консертӣ) бо ҳунарнамоии ҳунармандони ҷавони шуъбаи фарҳанги ноҳия дар сатҳи баланд баргузор гардид ва наваскарон ба сафи хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд.