БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН НЕРӮИ БУНЁДГАРУ СОЗАНДАИ ДАВЛАТ МЕБОШАНД

АНДЕША. Мо, ҷавонони баландиқболу саодатманди ин диёр мефахрему меболем, аз он ки дар чунин Ватани ободу зебо, дар фазои сулӽу субот, дар замони соҳибистиқлолӣ дӯстона умр ба сар мебарему чунин як сарвари оқилу доно ва ғамхору дилсӯз насибамон гаштааст.

Ҷавонони кишвари мо дар ӽама давру замон фаъол буданд. Асосан имрўз таваҷҷуӽ ва дастгирии ӽамаҷониба, ғамхориву дилсўзии сарвари давлатамон мо, ҷавонони даврони истиқлолиятро боз ӽам қавитару фаъолтар бинмудааст. Ногуфта намонад, ки қадамӽои устувори ҷавонон дар роӽи ободониву пешравии сиёсии кишварамон аз рўзӽои аввали  соӽибистиқлолии давлатамон гузошта шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба дастгирии ҷавонон диққати махсус дода, пешниҳоди онҳоро баҳри инкишофи мамлакатамон доимо дастгирӣ менамоянд. Тавре, ки  Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд:  «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд».

Бояд қайд намоям, ки Пешвои муаззами миллат нисбат ба масъалаҳои мо ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар, ҷойи кор гардидан ва мавқеи хоса пайдо намудани мо ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Ҷавобан ба ин ғамхориҳои падаронаи Пешвои маҳбуби миллат, мо ҷавонон бо ташаббусҳои созандаву бунёдкорона баҳри гулгулшукуфоии Ватани маҳбубамон саҳми худро мегузорем. Ва мо боварии комил дорем, ки дар паҳлӯи Сарвари оқилу хирадмандамон ҳамчун пайравони асили ин фарзона фарзанд ҳамеша баҳри рушду нумӯи сарзамини биҳиштосоямон ҳатто лозим ояд, ҷони худро низ дареғ нахоҳем дошт.

Мирзоева Г., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg