БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН- МОДАР ҚАРЗИ ИМОНӢ ВА ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД АСТ

Н.ХУСРАВ. Вобаста  ба амали  намудани  Фармони   Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҷиҳати даъвати  ба  сафи  Қувваҳои  Мусаллаҳи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи Носири  Хусрав  даъвати ҷавонони  синни  даъватӣ  ба  сафи  Артиши  миллӣ баргузор  гардид.

Бо  дарки  масъулияти  худ  дар  назди  Ватан ба  коммисариати  ҳарбии  ноҳия  ҷавонон барои  хизмат  ба  сафи  Қувваҳои  мусаллаҳ  ҳозир  шуданд. Дар  ҳамин  замина  бахши  ноҳиявии  намояндагии  Ташкилоти  ҷамъиятии  ҷавонон «Созандагони  Ватан», аъзои  гурӯҳи  ихтиёриёни  назди  Кумитаи  иҷроия  барои  дар  сатҳи  баланди  ватандориву  ҳифзу  таҳкими  пояҳои  истиқлолият давлатӣ баргузор  гардидани  чорабинии  мазкур  ҳиссаи  сазовор гузоштанд.   Чорабинии  мазкур  дар  назди бинои Комисарияти ҳарбии  ноҳия  бо иштироки раиси  ноҳияи  Носири  Хусрав  Нишонзода  Даврон, раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар  ноҳия Носири  Хусрав  Ализода Сурайё баргузор  гардид.

Нишонзода  Даврон  дар баромади худ   ба  ҷавонон  муроҷиат карда гуфт, ки  хизмат  ба  Ватан-Модар  қарзи  имониву виҷдонии  ҳар  як  ҷавонмарди  бонангу  номус буда, мактаби  бузурги  тарбия, ирода, ҷасорат, шуҷоат ва  ватандорӣ  ба  ҳисоб  меравад. Ҳар  як  ҷавони ин  Ватан хизматҳои  содиқонаи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон,  аз  ҷумала  ҳар  як  тадбиру  корнамоиву  қаҳрамониҳои  Пешвои  миллат  ба  ҷавони  кишвар дарси  шуҷоату  мардонагист ва дар  руҳияи  садоқат  ба  Президент-садоқат ба  Ватан  саҳми   худро  гузоранд. Инчунин, аз тарафи раиси ноҳия ба 15 нафар ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи хизмат рафтан  ба комиссарияти ҳарбӣ омаданд, шаҳодатномаи ронандагӣ  тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg