БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲЕҶ КАС АЗ ПЕШИ ХУД ЧИЗЕ НАШУД...

АНДЕША. Ҳар як шахс дар зиндагӣ устоде дорад. Имрӯз чӣ муаллиму чӣ духтур, чӣ ронанда ва чӣ коргару бофанда ҳама устодону шогирдони худро доранд. Ҳамаро дар ҳаёт касе омӯзонидааст. То ҳатто сухан гуфтанро низ ба мо модар омӯзонидааст. Ягон кору амал, ягон пешравию афзалият, ягон бурду бохт безаҳмат, бемашаққати устоде ба авҷи аълое намерасад. Инсон даме, ки чашм ба олами ҳастӣ мекушояд, албатта бо як ҳусну истеъдоди Худовандӣ тавлид мешавад, аммо худ танҳо бесарварӣ, бероҳнишондиҳӣ ва беустоде соҳиби мақому мартабае шуда наметавонад. Тавре гуфтаанд:

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеҷ Мавлоно нашуд Мавлои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.

Устод касест, ки дар симои ӯ кас омӯзандаи ҳама гуна роҳу равиш, кору фаъолият ва ҷамъи ҳунару истеьдодро дидан мумкин аст. Шахсоне ҳастанд, ки ягон мактаби маърифатию илмиро нагузаштаанд, аммо корҳоеро ба субот расонида метавонанд, ки арзиши баланд доранд ва чунин қобилияташон боиси ифтихор аст. Ин гуна шахсонро албатта, метавон устод номид, зеро метавонанд дар дили ҳама  бо ҳунари волояшон роҳ ёфта, ҳаваси омӯхтани ҳунареро бедор карда, ҳаётро рангинию хушӣ бахшанд.

Шогирдонро низ лозим аст, ки заҳматҳои устодонро қадр намоянд, зеро бе заҳмати зиёди устодон ягон шогирд ба ҷое расида наметавонад.

Хулоса, ҳар кору амале ба устод эҳтиёҷ дорад. Дар ягон давру замон қадр, манзалат ва бузургии одамони дастгир, устодон ва роҳнишондиҳандагон аз байн намеравад. Онҳо ҳамеша чун устоди бузург ва ситораҳои дурахшони ҳаёт муътабар ва зинданом буда, ҷамъият ба онҳо ниёз дорад.

Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg