БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО БА ТАҚДИРИ ОЯНДАИ ҲАМЗАБОНОНИ ХУД БЕТАРАФ НЕСТЕМ!

ВОКУНИШ. Баъди сукути ҳукумати Ашраф Ғанӣ ва ғасби ҳокимияти сиёсӣ аз ҷониби таҳрики «Толибон» дар Афғонистони ҳамсоя вазъияти сиёсию иқтисодии ин кишвар ҳамоно ваҳиму хатарнок ва дур аз меъёрҳои демократӣ боқӣ монда, дар арсаи ҷаҳонӣ шумораи зиёди давлатҳо эътирофи ҳукумати аморати исломиро зери султаи дингароии ифротӣ ғайри қобили қабул медонанд. Эҳсос мешавад, ки ҳукумати  аморати исломӣ дар доираи афкори исломи тафриқавӣ ба ҳуқуқҳои фитрии инсон арҷ намегузорад ва ин рафтору дидгоҳи  фарсуда боиси нооромию  нороҳатии  қишрҳои гуногуни ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои  инсон ва дар охир дер ё зуд боиси хезишҳои мардумӣ дар ин кишвар хоҳад шуд.

Аз рӯзҳои аввали сукути ҳокимият дар Афғонистон мавқеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шинохти ҳукумати нав зери султаи таҳрики «Толибон» муайяну мушаххас буд. Бахусус, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баёни худ вобаста ба вазъи  печидаи давлати ҳамсоя дар рӯзҳои аввали сари қудрати сиёсӣ омадани таҳрики «Толибон» шинохти онҳоро бо таъсиси ҳукумати фарогир ва ҳамашумул ва ба мадди назар гирифтани афкори аққалиятҳои миллӣ дар таъсиси давлат матраҳ намуданд. Ҳамчунин пофишориҳо ҳангоми дидору мулоқот бо сарвазири Покистон Имрон Хон зимни баргузории ҷаласаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар шаҳри Душанбе ва суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии  Иҷлосияи 76-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба вазъи сиёсии Афғонистон бори дигар собит месозад, ки мавқеи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи таъсиси ҳукумати ҳамашумул ва эҳтирому риояи арзишҳои фитрии  инсон бетағйир  ва далолаткунанда ба ободию озодӣ,  пешрафту шукуфоӣ, пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб дар ҷомеаи Афғонистон нигаронида шудааст.

Аммо, мутассифона доираҳои толибгаро ва бозингарони сиёсии наздик ба доираҳои сиёсии таҳрики «Толибон» аз чунин мавқеъгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмуъ ҳама мардуми кишвари мо хеле нороҳату ранҷур гардидаанд, ки чунин бозтоби яктарафаи масъала, баҳогузорию назаргузории ғайри қобили қабул боиси садсолаҳо идома ёфтани ҷангу хушунат дар давлати Афғонистон мегардад.

Дар робита ба ин масъала аллакай таҳрики «Толибон» ҷангҳои иттилоотиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар ҳар як нишасту сухангӯӣ оғоз карда, онро дахолат ба сиёсати аморати  исломӣ медонанд.

Баёнияи сухангӯи дафтари сиёсии таҳрики «Толибон» дар Қатар Муҳаммад Наим Вардак, муовинони сарвазири  аморати исломӣ  Мулло Абдулғанӣ Бародар ва Абдусалом Ҳанафӣ ва нашри маводҳои иғвоангез дар вулусволи Ишкошими вилояти Бадахшон доир ба мавриди баррасӣ қарор надодани мушкилоти паноҳандаҳои афғон исботи гуфтаҳои болост. Хусусан, ташкили гурӯҳи даҳшатафкани «Лашкари Мансурӣ» ва мустақар сохтани ин гурӯҳи тундрав дар вилоятҳои шимол ҳаммарз бо давлатҳои аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ яке аз амалҳои  дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф нагардидани давлати аморатӣ ва ба ном фишорҳои равонию амниятии таҳрики «Толибон» дар муносибат ба  давлатҳои ҳамсоя маҳсуб меёбад. Ин гурӯҳи иртиҷоӣ бо чунин иқдомҳои тафриқавӣ мехоҳанд, ки раванди шинохти давлатдориашонро дар сатҳи ҷаҳонӣ вусъат дода, ҷомеаи ҷаҳониро мутмаин сохтанианд, ки дорои нерӯи ҳарбии «шикастнопазир»-анд.  Дар асоси иттилооти дастрас аз шабакаҳои иҷтимоӣ «Лашкари Мансурӣ» дар заминаи ҷалби афроди авом, бесаводу ҷоҳил ва муҳтоҷ ба як пораи нон аз миёни сокинони таҳҷоии минатақаҳои шимоли Афғонистон таъсис ёфта,  маҳорати зеҳнию  ҷангӣ  надоранд.

Мардуми Тоҷикистон  новобаста аз ҷабру тангназарӣ ва тақсими марзҳои маъмурӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ ҳаққу ҳуқуқи  дастгирии ҳамзабонони худро, ки шумораи муайянро дар давлати Афғонистон ташкил медиҳад, дорад ва нисбати имрӯзу ояндаи онҳо бетарафу бетафовут нест. Фаромӯшӣ ва беэҳтиётӣ ба ҳаёти имрӯзу ояндаи онҳо боис ба доғи таърихӣ хоҳад  шуд.

Ба ҳар сурат, шароит тақозо менамояд, ки дар муқобили ин ҳама бесарусомонӣ дар кишвари ҳамсоя шаҳрвандони кишвари мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем. Зеро нодида гирифтани ҳаракатҳои андаки ифротӣ боиси васеъ шудани афкори хуношомии гурӯҳҳои ҷинояткор фаротар аз сарҳад хоҳад буд. Бо назардошти панди бузургон «Душманат гар пашша бошад камтар аз филаш мадон!» бояд  ҳар як фарзанди ин марзу бум дар ҳимояи  марзи давлатӣ масъул бошад. Зеро дар муқобили мо давлате ҷойгир аст, ки имрӯз лонаи тамоми террористони олам гардидааст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ироа доштаанд, Тоҷикистон ба умури дохилии давлати ҳамсоя дахолат намекунад, вале нисбати мақому манзалат ва  зиндагии шоистаи ҳамзабонон дар ин масир бетаваҷҷуҳ нест. Ҳама фарзандони баору номӯси Ватан бобати тақвияти  арзишҳои  давлатдорӣ, ҳифозат аз шаъну шарафи миллату ҳамзабонон ва оромию осоиштагии мамлакат ҳамеша  омодаи амалем ва инро қарзи шаҳрвандию  сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ медонем.

Т.Назарзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg