БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МЕҲМОННАВОЗӢ ФАЗИЛАТИ ХУБИ ИНСОНИСТ

АНДЕША. Меҳмон атои Худо мегӯянд, ки ҳақ асту рост. Расму русуми меҳмонию мехмондорӣ байни мардуми тоҷик аз замонҳои қадим идома дорад. Аз ин рӯ, мардуми тоҷик ҳамчун халқи меҳмондӯсту меҳмоннавоз дар байни халқҳои ҷаҳон шинохта шудаасту хеле машҳур аст.

Ҳар як инсони комил вазифадор аст, ки меҳмони ба хонаш омадаро бо меҳрубонию хушӣ пазируфта, лутфу марҳаматашро ба ҷо орад. Ҷаҳд намояд, то меҳмонро бо хушию эҳтироми хоса гусел намояд. Ҳамеша бояд бо меҳмон кушодарӯю хандон мебояд муносибат намуд, то баракати хона зиёда гардаду кинаву адоват ва бадию афсурдагӣ аз байн биравад.

Муъмине к-ӯ дошт меҳмонро накӯ,
Хақ, кушояд оби раҳматро бар ӯ

 

Беҳтарин хислатҳои меҳмоннавозӣ ин чеҳраи кушоди соҳибхона аст. Мардуми тоҷик аз қадимулайём то ба имрӯз меҳмоннавозу меҳмондӯст буда, минбаьд низ мо фарзандони ин миллати бузург иқдоми онҳоро идома медиҳем. Меҳмоннавозӣ фазилати хуби инсонист. Дар миёни халқ зарбулмасале вуҷуд дорад, ки  беҳуда нагуфтаанд: “ Дар назди меҳмон пишакатро пишт магӯ” Дар ҳузури меҳмон ҳатто бадтарин душмани хешро намебояд сухани бад гуфт.

Хулоса, шахсе, ки меҳмоннавоз аст, Худоро хуш ояд ва дар ҳаёт сербаракат мегардад. Меҳмонон беҳтарину наздиктарин пайванди касанд, ки бо воридшавиашон ба хонадони кас нуру зиё, гармию тароват, хушию осудаҳолӣ ва хайру баракати бешумор меоранд. Пас биёед азизон, меҳмондӯст бошем, эҳтироми меҳмонони азизро ҳамеша ба ҷо орем.

Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg