ҚУБОДИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии “Коргар” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб ва раиси ташкилоти ибтидоии “Коргар» Х. Достиев маҷлиси ҳизбӣ доир гардид.
Дар суҳбат Маҳмадаюб Шарифзода вобаста ба аъзокунӣ ба сафи ҳизб ва рафти “Обуна-2022” ба нашрияи ҳизбии “Минбари халқ” бо мақсади дастгирии моддиву маънавӣ ва ҳавасманд намудани ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва кормандони он андешаронӣ намуд. Сипас, Х.Достиев дар бораи ҷали сокинон ба корҳои хонагӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, созандагию ободкорӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тавсеа бахшидани анъанаҳои миллӣ, инчунин, оид ба давраи пандемияи ҷаҳонӣ, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст ва бо мақсади риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ, пешгирӣ намудан аз касалии суханронӣ намуд.