ЁВОН. Дар доираи нақшаи муштарак аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Аксияи ҳизбӣ зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” оид ба тоза кардани дохил ва атрофи қабристонҳо доир карда шуд.
Ин навбат дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова аксияи мазкур доир карда шуд. Дар рафти баргузории аксия аъзову ҷонибдорони ҳизб, эмомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ, волонтёрон иштирок намуданд. Ҳамзамон аз ҷониби шахсони саховатпеша атрофи оромгоҳҳо бо симтурҳо маҳкам карда шуд.