ДӮСТӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дȳстӣ бо кормандони нозироти андози ноҳия вохӯрӣ доир карда шуд.
Мулоқотро муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Қурбонов Абдулҳафиз ифтитоҳ намуда, вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он, амалӣ намудани сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.
Дар рафти маҷлис оид ба Ваҳдати миллӣ ибрози андеша намуданд.Вахдат ягонагӣ якдилӣ, баробари бародарӣ марому қудрати ҳар яки мо буда яко яки моро барои ояндаи дурахшон даъват менамояд.
Инак, 21 сол мешавад, ки халқу миллати тоҷик зери сулҳу ваҳдати тоҷикон қарор дораду парчамаш ҳамеша партавфишон аст.
Ҳар яки моро месазад, аз ваҳдату оромию суботи кишвар ҳамеша шукргузор бошему доимо шукронаи сулҳи пойдор ва ваҳдату ягонагӣ намоем.
Зеро Ваҳдати миллӣ асоси устувории зиндагии шоистаи ҳар яки мо тоҷикон буду ҳаст ва хоҳад монд.