ДАНҒАРА. Бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “маҳаллаи №8” Турақулова Сурмахол дар якҷоягӣ бо ташкилоти ибтидоии” Шабакаҳои барқи”-и ноҳияи Данғара, бо мақсади таъмини аҳолии маҳалла бо қувваи барқ дар маҳаллаи №8 – и ҷамоати шаҳрак 1 адад трансформатори М -400 ва 6 адад симчӯбҳои бетонӣ насб карда шуд.
Дар ин кори хайр кормандони Шабакаҳои барқи ноҳия ва сокинон саҳми худро гузошта истодаанд. Бояд ёдовар гардид, ки дар тӯли 30 - соли Истиқлолият корҳои ободонӣ дар ноҳия бо маром рафта истодааст.