АНДЕША. Забон пояи миллат аст. Ин нуктаи бисёр рехта маънои васеъ ва пањновареро фаро мегирад. Ќадре тафсили ин он аст, ки асоси офариниш ва њувияти миллии њар ќавм забон ба њисоб меравад. Оре, забони ягона, забони тоҷикӣ худогоњии мардуми ин мањалњоро афзуд, иттињоди онњоро таъмин кард ва барои пайдоиш ва ташаккули халќи тољик ба сифати миллати алоњида ва мустаќил омили асосї ќарор гирифт. Дар натиља бо унвони Сомониён аввалин давлати тољикон бунёд ёфт, ки ќатори Мовароуннањр, Хуросон чандин вилоятњои шарќї ва шимолии Эронро дар итоати худ дошт.Забони форсї-тољикї њини салтанати Сомониён дар пойтахти онњо –Бухорои шариф комилан шакл гирифт,пайваста ривољу равнаќ ёфт.
Пас, забони мо дар ин мавриди пуртањлуќа низ чун омили пурќуввате дар тасдиќи мављудияти таърихии халќи тољик арзи вуљуд кард. Давлату миллате, ки забони миллии худро надорад, ба нестшавї мањкум карда шудааст. Забон яке аз рукнњои асосии давлат ба њисоб рафта муњимтарин падида дар таърихи ин ё он халќ ба њисоб меравад .
Забони тољикии мо, ки таърихи 5 њазорсола дорад, яке аз забонњои ќадимаи миллатамон ба њисоб рафта, аз забони «Авесто» ва пањлавї маншаъ мегирад. Забони тољикї дар сарзамини пањноваре,дар чанд ноњияи таърихї ташаккулу тараќќї ёфта, унсурњои забонњои пањлавї, суѓдї, хоразмї, бохтарї ва ѓайраро дар бар гирифтааст. Форсии дарї, хусусан шохаи тољикии забони форсї, ки дар Мовароуннањру Хуросон роиљ буд, аз аввали пайдоишаш, аз замони Рўдакиву Фирдавсї ва Абўалї ибни Сино бо роњи соданависї пеш мерафт. Миллати сарбаланди мо ба ќавли шоири бузургамон Бозор Собир тамоми боигарию дороиашро аз даст дода, забони худро њифз кард. Дар забони тољикии мо шеваю лањљањои хеле гуногун арзи вуљуд доранд, вале забони адабии тољикї њамон хел суфта, зебо, форам ва дилнишин боќї мондааст. Ман чандин борњо аз забони бародарони афѓон ва эронї шунидаам ва онњо иќрор кардаанд, ки забони тозаи адабї мањз дар забони тољикии мо мањфуз мондааст. Ва дар ин суханон њаќиќат нињон аст. Забони суфтаю тоза, ширину гуворо ва поку беолоиш, адабию китобиро фаќат дар забони ноби мо шунидану дидан мумкин аст. Чуноне, ки Муњаммад Иќбол фармудааст:
Боиси ифтихори мо аст, ки бо забони Рўдакию Сино, Њофизу Саъдї, Фирдавсию Камоли Хуљандї њарф мезанем. Вале соњиби ин забони бињиштї будан аз мо масъулияти бузургеро талаб мекунад.
Боиси хурсандист, ки Пешвои муаззами мо, Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон аз минбарњои баланд бо ин забон суханронї карда, забони тољикиро гўшраси тамоми оламиён мегардонад. Дар Созмони бонуфузи Милали Муттањид суханронї кардани Президенти Љумњурии Тољикистон бо забони тољикї боиси ифтихор ва пуштибонї аз ин лањни ширини аљдодиамон аст.
Забон оинаи фарњанги халќ аст. Ин нукта чунин маънї дорад, ки саргузашт ва вазъи илму дониши њар халќу миллат дар забони вай таљљассум меёбад. Он миллате, ки соњиби фарњанги мутараќќист, забони ѓанї хоњад дошт. Пас забони мо ойинаи фарњанги миллат ва мояи ифтихор аст, зеро вай аз љумлаи забонњои сарватманд буда, хеле барваќт, бештар аз њазор сол ќабл аз ин, соњиби шохаи адабии худ гашта буд: Соњибќирони шоирї – устод Рўдакї бо ин забон басо шеърњои холис ва нобе сурудааст; «Шоњнома»-и безаволи њамосасарои беназир – њаким Фирдавсї, ки нафистарин шоњкории адабист, дар њаљми 60 њазор байт бо њамин забони асил ба дунё омад; хеле аз асарњои илмии алломаи Машриќзамин – Абўалї ибни Сино низ зодаи забони модариаш – забони тољикист. Асбоби эљоди асарњои илмию бадеии сухансароёни забардасте чун Форобї, Саъдї, Њофиз, Хайём, Носири Хусрав, Љомї, Бедил,Сайидо, Ањмади Дониш, Айнї, Лоњутї, Турсунзода, Лоиќ, Бозор Собир, Мумин Ќаноат ва ѓайра забони модариашон буд.
Акнун вазифаи љонии мо соњибзабонон ин аст, ки забонамонро тоза нигоњ дорем, ба наслњои оянда чун мероси фарњангию миллї, таърихию анъанавї пешкаш кунем. Забонамонро чун гавњараки чашм нигоњ дорем, асолати тољиконаи худ - пос доштану њифз кардани забонро ба фарзандонамон ёд бидињем. Ба кўдаконамон номњои зебои тољикона гузошта, аз хурдсолї дар дилашон мењри Ватану модар, забону миллат, ки бо њам тавъаманд, бикорем. Нагузорем, ки бо лафзи ќабењ ва ношоиста сухан кунанд. Барои ин худ бояд намунаи фарзандонамон бошем, њам дар хона ва њам дар љамъият њамеша тозагии забонро нигоњ бидорем.
Расулов Ғолибҷон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон