ВОКУНИШ. Аз тариқи васоити ахбори омма, интернет баъзан мешунавем,ки аъзои ташкилоти террористӣ экстремистии Ҳизби Наҳзати ислом ва думравони онҳо зимни мусоҳибаҳову нивиштаҳо дар хориҷи кишвар гурӯҳҳои сиёсии худро яке аз ду қутби тавозуни истиқрори сулҳ ва кафили ваҳдати миллӣ дар Ватани азизи мо муаррифӣ мекунанд ва ба ин васила ҳушдор доданӣ мешаванд, ки дар сурати ба эътибор нагирифтани мавқеи онҳо чамбараки амну субот дар ҷомеаи мо мувозинати худро гум хоҳад кард.
Бидуни шаку шубҳа ин ҳизб як ҳизби хонаводагӣ аст, ки дар сатҳи сиёсӣ ва иҷтимоии кишвари мо куллан мавқеъ надорад.
Аслан ин суханпардозиҳову ҳангомасозиҳо чизи нав нестанд, зеро барои мардуми шарифи кишвар ҳамааш ошкор аст, ки ҲНИ-и мамнуъшуда чаро ташкил карда шуд, ҷангро чаро роҳандозӣ карданд, ҳадафи наҳзатиёну сарпарастонашон чист? Афсӯс ки имрӯзҳо ҳам фирориёни наҳзатӣ дар хоки бегона туҳматзаниҳою ғаразкориҳоро алайҳи Ҳукумати кишвар бо ҳар роҳу васила идома дода истодаанд.
Ташкилоти террористӣ- экстремистии Ҳизби Наҳзати ислом ва гурӯҳҳои дигари ҳаммаслаки он, аз қабили он ниҳодҳои тундраве мебошанд, ки омилҳои ташаннуҷро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Баргузории ҳаргуна ҳамоишу роҳпаймоӣ ва мулоқоту суҳбатҳои онҳо, ки маблағҳои зиёдро талаб менамоянд, ки даст доштани сарпарастони манфиатҷӯи онҳоро ошкор мекунад. Зеро чи тавре, ки мегӯянд, пулро ки хӯрдӣ коратро нишон деҳ.
Маълум аст, ки роҳбарияти ТТЭ ҲНИ бо чунин амалҳои ҳангомаҷӯёнаи худ, яъне ташкили ҳамоишу дигар чорабиниҳои бебунёд чи ҳадафҳои муғризонаеро пайгирӣ кардан мехоҳанд. Ин муддаиён агарчи зоҳиран лофи ватандорию миллатдӯстӣ мезананд, аммо дар асл алайҳи миллат ва Ватани худ талош меварзанд. Оё ҳамин аст оини ватандорӣ ва рисолати шаҳрвандии онҳо?
Магар онҳо фаромӯш карданд, ки маҳз онҳо бо чунин амалҳои номатлуб ду даҳсола пеш боиси шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ гардида, Ватанро ба ҷои обод кардан ба вайрона табдил доданд ва боиси марги ҳазорон ҳазор мардуми бегуноҳ шуданд. Магар тақозои дини мубини ислом ҳамин аст?
Дар ягон давлати дунё ҳеҷ ҳизбу ҳаракати миллию созанда,ба хотири манофеи гурӯҳию сиёсии худ амнияти давлату сарнавишти миллати худро ба оташ кашиданӣ нест. Танҳо ТТЭ ҲНИ ва ҳампаймонҳои хиёнатпешаашон, ки иддае фирефтаи мазҳаби шиа шудаанду қисми дигаре ба хотири сарват тамоми ҳайсияти худро ба фурӯш мегузоранд. Инҳо ҳамон кӯҳнаандешони гумроҳанд, ки мехоҳанд ниқоби нав, яъне ниқоби демократия ба баркунанду шеваи нави ҷалби ҷавононро ба сафҳои нопоки хеш ва гурӯҳҳои ихтилофангезашон дарёфт намоянд.
Агар ба умқи масъала таваҷҷуҳ намоем, маълум аст, ки Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо бо мавқегириҳои машкуки худ имрӯз на ба дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, балки барои муҳайё намудани заминаҳои мусоиду мувофиқ ҷиҳати ворид шудани неруҳои террористӣ ва экстремистӣ ба сарзамини Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Миёнаро талош менамояд.
Агар чунин набошад, чаро қатлу куштори бераҳмонаи пайравону аъзоёни ташкилоти террористии ҲНИ ба инобат гирифта намешаванд? Чаро қаллобию хиёнатҳои иқтисодии сиёсӣ ва таҳдиду таҳқирҳои пайвастаи пайравони онҳо, ки бар зидди оромию суботи давлати Тоҷикистон амал мекунанд, аз ҷониби САҲА нодида гирифта мешаванд?
Хеле хандаовар аст, вақте, ки ду ё се нафар лаънатхондаи Ватану миллат, ки то дирӯз аз ҳам ҷудо буда, ҳамдигарро чашми дидан надоштанд, имрӯз боз ба ҳам омада бе шармона аз номи ин миллат суханпардозӣ менамоянд.
Имрӯз ҳам баъзе хоинони миллат ба мисли Хусейну Кабирӣ ва Иқболбӣ бо кумаки зархаридони хориҷӣ мехоҳанд кишвари осоиштаи моро ноором созанд. Бадномкунӣ, туҳматбофӣ хоси Хусейну Кабирӣ ва Иқболбӣ аст, ки имону маҳзаби худро фурӯхта, теша ба решаи хеш мезананд.
Хушбахтона, мардуми шарифи Тоҷикистон он ҳама фиребу найранг ва бозиҳои сиёсии ин «ғамхорони миллатро» хуб дар ёд дорад ва фаромӯш нахоҳанд кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварӣ ва дилпурона изҳор доштанд, ки «Ҳарчанд истиқлоли мо ҷавон аст, вале решаҳои он ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд ва аз муборизаҳои фидокоронаи ҳазорон нафар фарзандони далеру қаҳрамони миллатамон, ки дар роҳи озодиву истиқлоли сарзамини аҷдодиамон ҷон фидо кардаанд, шодоб гардидаанд».
Бо боварии комил метавон гуфт, ки фарзандони далеру диловар ва ҷоннисори Ватани маҳбубамон ҳамеша кишвари азизу муқаддаси хешро содиқона ҳифз намуда, ба қадри ободӣ, оромиву осоиштагӣ, ҳаёти хушу хуррам мерасанд. Ман ҳамчун як шаҳрванд ин амалҳои хоинони миллатро маҳкум намуда, боварии комил дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ҳеҷгоҳ фирефтаи чунин дассисаҳо нахоҳанд шуд.
Абдуллоев В., муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён