ДӮСТӢ. Вобаста ба нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ кормандони масъули он дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаҳои "Зарнисор" ва "Лоҳутӣ" бо аъзову ҷонибдорони ҲХДТ суҳбату вохӯрӣ доир намуданд.
Зимни вохӯрии мазкур ҳадафҳои созандаи ҲХДТ вобаста ба баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии мардум, обунашавӣ ба рӯзномаҳои ҳизбӣ, инчунин пешгирии ҷавонону наврасон аз истифодаи нодурусти телефони мобилӣ ва интернет фаҳмонида шуд.
Дар баргузории вохӯриҳо зиёда аз 50 нафар фаъолони деҳот ҷалб гардида, ба сафи ҲХДТ аз ҳисоби ҷавонон аъзои нав қабул карда шуд.