ҶАЙҲУН. Дирӯз бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва дар якҷоягӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар деҳаи Себзори Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ оид ба гузаронидани аҳли оила аз ваксина бар зидди бемории COVID-19, тозаю озода нигоҳ доштани маҳали зист ва сарфакорона истифода бурдани ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигӣ суҳбату вохӯриҳо бо усули “хона ба хона” баргузор намуда, сокинонро ҷиҳати таъмини ҳифзи солимӣ ва захираи маводи хӯрока барои фасли сармо раҳнамоӣ карданд.