ҶАЙҲУН. Ҷиҳати иҷрои нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дирӯз мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сайфулоев Раҳмиддин дар Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ, маҳаллаи Обшорон бо мардикорон ва заноне, ки баҳри беҳтар намудани сатҳи зиндагии хеш дар саҳро кору фаъолият менамоянд, суҳбату мулоқот гузаронида, аз кору фаъолияти онҳо огаҳӣ пайдо намуд.
Ҳамчунин, зимни вохӯрӣ масъулин иброз намуданд, ки бо сабаби зиёд гаштани шумораи беморони коронавирус, имрӯзҳо моро зарур аст қоидаҳои беҳдоштӣ ва тозагиро риоя намуда, аз ин бемории аср худро эмин нигоҳ дорем, зеро саломатии ҳар шахс аз худи ӯ вобастагӣ дорад.