БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ МИЛЛАТ - БОИГАРИИ ДАВЛАТ

ФАРХОР. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб оид ба пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, истифодаи мақсадноки нерӯи барқ ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо усули “хона ба хона” дар маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳрак гардиш доир намуданд.

Масъулин зимни суҳбат дар бораи  пешгирии бемориҳои сироятӣ ибрози андеша намуданд, ки роҳи беҳтарини пешгирӣ  ин маълумоти саҳеҳ ва мукаммал оид ба бемориҳои сироятӣ доштан аст. Худ ва дигаронро аз сироят ёфтан ҳифз намуда, риояи қоидаҳои гигиениро, аз қабили тозаю озода нигоҳ доштан ва ҳамеша аз воситаҳои гигиенӣ истифода намудан зарур мебошад. Ҳамзамон, ба аҳолӣ маводҳои таблиғотӣ дастрас карда шуд.

Инчунин, дар масъалаи сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ ва заминҳои наздиҳавлигӣ низ масъулин суҳбат намуда, ҳамзамон аз заминҳои наздиҳавлигии сокинон дидан карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg