БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО КОРРУПСИЯ ШАДИДАН МУБОРИЗА МЕБАРЕМ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Корхонаи давлатии фаръӣ обтаъминкунӣ ”-и ноҳия   вохӯрии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  бо аъзо, фаъолони ҳизб вобаста ба мавзӯи “Коррупсия-ҳамчун зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа”  вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ Алиев Зафар оид ба вуҷуд овардани ҳолатҳои коррупсионӣ, мубориза алайҳи он, хавф доштани оқибатҳои номатлуб, инчунин  дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентӣ, аз ҷумла кишти такрорӣ истеҳсоли захираи кофии маводи хӯрокворӣ, захира кардани ғалладонагӣ, пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, татбиқи аксияҳои ҳизбӣ, дастовардҳои даврони Истиқлол, ҳифзи арзишҳои миллӣ суханронӣ намуда, бар илова дар бораи ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоӣ  машваратҳои муфид дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg