ПАНҶ. Дирӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии навъи "COVID-19" дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Лоҳутӣ»-и ҷамоати шаҳраки Панҷ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, барои риояи қоидаҳои ҳатмии беҳдоштӣ, алалхусус риоя кардани масофаи байниҳамдигарӣ, тез-тез шустани дастон бо собун, пӯшидани ниқоби тиббӣ, безарурат набаромадан аз хона ба шаҳрвандон фаҳмонида шуда, ба онҳо маслиҳату тавсияҳои мушаххас доданд, ки батаҳлука наафтанд ва инчунин, аз ҷониби масъулини ҳизб ба сокинони маҳалла ниқобҳои тиббӣ, варақаҳои иттилоотӣ ва маҳлулҳои безараргардонӣ дастрас карда шуд.