БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ АМАЛИ ЗИШТ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР

НОРАК. Вохӯриву мулоқот дар   ташкилоти  ибтидоии «Чашма»   доир гардид. 

Дар вохӯрӣ оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҳизбӣ,  тарбияи ҷавонон дар  руҳияи  ватандустӣ, меҳанпарастӣ  ва гирифтани касбу ҳунарҳо, ҷалби  ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон-ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ, эҳтиром ва иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  андешаронӣ намуд.

Ҳамзамон, мавсуф қайд кард, ки  сатҳи огоҳии мардум  аз хатари терроризму  экстремизм  ва роҳҳои  пешгирӣ аз он, аз байн бурдани  таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ мо бояд диққати махсус диҳем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg