БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН - НЕРӮИ ПЕШБАРИ ҶОМЕА

КӮШОНИЁН. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и  ноҳияи Кӯшониён бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо хатмкунандагони муассисаи мазкур мулоқот доир гардид.

Дар мулоқот самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳадафҳои ҲХДТ, ки ба таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳми арзишманд дорад, шарҳ дода шуд.

Баромадкунандагон оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, ки дар меҳвари асосии фаъолияти ҲХДТ қарор дорад, сухан гуфта таъкид намуданд,  ки ҷавонон нерӯи пешбари ҷомеа буда, дар раванди мубаддалшавии идеологияҳо зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва дар мубориза бо зуҳуроти номатлуб фаъол бошанд.

Инчунин,  ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва доир ба масъалаҳои даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ибрози назар карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg