БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

АНДЕША. Кулли мардуми шарифи Тоҷикистон имрӯзҳо аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол намуда, кишвари худро боз ҳам ободу зебо карда истодаанд. Зимни сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои кишварамон шоҳиди он гардидем, ки мардум бо як руҳияи баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ пайи корҳои ободонию созандагӣ буда, ҳар як гӯшаи диёрамонро боз ҳам зебо намуда истодаанд.

Мардуми меҳнатқарини ноҳияи Кӯшониён бахшида ба ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 346 иншоотҳои гуногунро ба истифода доданд, ки дар он садҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор  ва маоши хуб таъмин карда шуданд. Ба истиқболи ҷашн дар ноҳия муассисаҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, бунгоҳи хусусии тиббии «Ваҳдат», марказҳои хизматрасонӣ, варзишгоҳҳои замонавӣ, тарабхонаву меҳмонхонаҳо сохта ба истифода доданд, ки дар он ташаббуси соҳибкорон Анвар Фақиров, А.Муминҷонов, Б.Ғафоров, Ф.Шамсова, С.Холов, Ҳайдар Ширинов, Дилшод Давлатов ва даҳҳо дигарон басо назаррас мебошад.

Кишоварзони ноҳия низ дар ин соли муҳим ва ҷашни пурифтихор дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ғалладонагӣ, сабзавот, чорводорӣ ва ғайраҳо ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода намуда, барои рӯёнидани ду -се ҳосил заҳмат кашида, бо маҳсулоти хушсифат мардумро таъмин намуданд.

Ҳамаи ин дастовардҳо файзу самараи даврони пуршукӯҳу ваҳдатомези Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Истиқлолият бо ҳама дастовардҳояш ба зиндагии мардум нуру зиё ва қудрату тавоноӣ бахшид, кишварамонро ҳамчун давлати пешрафтаву тараққикарда ва зебову назаррабо муаррифӣ намудааст. Аз ин рӯ чи тавре, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Мо бояд ба хотири Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон минбаъд низ содиқона заҳмат кашем ва дар ин роҳ мисли ангуштони як мушт сарҷамъу муттаҳид бошем».

Сабоҳат Неъматуллоева, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён                 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg