БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИЛМАТ БА АМАЛ ЧУ ЁР ГАРДАД...

АНДЕША. Илм маҷмӯи донишҳои аз худ кардаи мо мебошад, ки онро дар роҳи расидан ба мақсадҳо, барои сазовори зиндагии шоиста шудан ва пешрафту тараққиёт истифода мебарем. Илм чароғи равшанест, ки ба зиндагии инсоният нуру сафои зиёд мебахшад. Касе, ки аз илм баҳраманд бошад, қалби нуронию рӯҳи қавӣ дорад ва ба атрофиён ҳамеша бо нерӯи дониш таъсири мусбат мерасонад. Дар «Қуръон»-и маҷид аввалин сухане, ки ба инсоният аз ҷониби Худованди бузург  гуфта шуд, ин калимаи «бихон» мебошад. Маҳз тавассути хондану омӯхтан пешрафт ба амал меояд. Илму дониш моро ба қуллаҳои баланди мурод мерасонад. Чашми шахси хирадманд ҳақбин мебошад, дӯстро аз душман фарқ мекунад, дар зиндагӣ ба қадри хубиҳо мерасад.
Донишро бояд биомӯзем ва шарти асосии он ҳифз кардани он мебошад. Фаромӯшӣ офати илм мебошад. Илм бояд дар амал татбиқ гардад, барои пешрафти ҷомеа хизмат кунад, вагарна аҳамияти он аз байн меравад.
Илм мӯъҷизаи Худодод аст, ки онро кас на харида ва на фурӯхта метавонад.  Инсоният ҳамеша ба омӯзиш ниёз дорад. Дари дониш бо ҷидду ҷаҳд ва талошҳои пайваста ба рӯйи мо боз мегардад.

Хулоса, дар ҷаҳон касе нест, ки аз илму дониши азбарнамудааш зарар дида бошад, бинобар ин мо ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишварро зарур аст, ки илмҳои замони хешро бо пуррагӣ аз худ намоем,  чуноне, ки Сарвари хирадманд ва дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ва борҳо қайд менамоянд, “Ҷавонон ояндаи давлату миллатанд”,  пас моро зарур аст, ки аз шароитҳое, ки имрӯз барои мо ҷавонон муҳайё гардидааст, самаранок истифода намоем ва баҳри ободӣ, гулгулшукуфоӣ, пешрафту тараққиёти Ватани маҳбуби биҳиштосоямон саҳми арзандаи хешро гузорем. Бо омӯхтани илму дониш сазовори зиндагии шоиста гардему мутахассиси хуб шуда, ба халқу Ватани азизамон хизмати арзанда намоем.

Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg