ВОСЕЪ. Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ҳамаи деҳаву маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авази ноҳияи Восеъ суҳбату мулоқотҳо баргузор гардида истодааст.
Ин навбат, бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар маҳаллаи Гулободи ҷамоати деҳоти зикргашта бо мардуми заҳматкаши ин маҳалла вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар ин вохӯрӣ мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Ситамова Роҳила дар назди ҷамъомадагон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолият ҲХДТ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолтарин ҳизби сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва имрӯз тасмим гирифтааст, ки бо тамоми сокинони деҳаю маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия вохӯрию суҳбатҳо доир намояд ва бо мақсади боз ҳам наздик шудан бо сокинон дар деҳаҳо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таъсис диҳанд.
Инчунин, зимни суханронӣ оид ба хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ, омили паст кардани шиддати бекорӣ ва баланд намудани сатҳи некȳаҳволӣ андешаронӣ карда шуд.
Дар охир сокинони маҳаллаи Гулобод ҷонибдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар ва роҳнамоии хирадмандонаи Пешвои миллат баён карданд.A