АНДЕША. Душанбе пойтахти Ватани азизамон- Тоҷикистон, шаҳри пайвандгари дилҳо, макони меҳру шафқат, маскани тоҷикони бузург аст. Душанбе кишварест, ки барои аз хурд то бузурги ин сарзамин Ватан аст. Ватане, ки мисли модари ғамхор дӯсташ медорем. Меҳане, ки сар то сар гул-гулшукуфону ободу зебову бофароғат аст.
Душанбе бузургшаҳрест, ки тоҷиконро чун миллати бузургу номдор, марказу умеду армон аст. Даме, ки дар кӯчаҳои ин шаҳри бузург қадам мезанем, беихтиёр аз зебогии муҳити атрофаш ҳаловат мебарем. Душанбе макони мардони хирад, занони баору номус ва тифлакони дилшоду бахтиёр аст. Мавзеест, ки саросар дилфиребу дилоро ва бешубҳа, мафтункунанда. Душанбе шаҳрест зебову дилоро ва макони мардумони меҳмоннавоз, олиҳиммат ва сарбаланду номдор:
Эй дӯст, биё баҳри томошои Душанбе,
Бешубҳа, ту ҳам мешавӣ шайдои Душанбе.
Душанбе маконест, ки саросар гулрезу гулбасару машҳуру дилорост. Биноҳои серошёна, қасру толорҳои барҳаво, театру донишгоҳу донишкадаҳои бузург, биноҳои маъмуриву фархангӣ, илова бар хамаи ин маркази сиёсию фархангӣ ва иктисодӣ буданаш Душанберо даҳчанд зебову овозадор мегардонад. Душанбе фахри даврони ҳар як бошандаи баору номуси ин сарзамини дилорост. Душанбе дар қалби тоҷикону тоҷикисгониён монанди нигинест, ки дар ҳар нигоҳ шуълапошӣ мекунад.
Хулоса, Душанбе хамчун маркази бузурги Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол, ҳар рӯзу ҳар соат дар айни шукуфтанҳост ва рӯз то рӯз онро ободу зебо, бофароғату дилнишин дидан метавон. Мо ҷавонон ифтихор дорем, ки чунин шаҳри зебову дилнишин дорем. Ва моро зарур аст, ки аз дилу ҷон бо тамоми ҳастиву зуру тавон ҳар як гулу гиёҳ ва сангу обу хоки онро ҳифз намоем.
Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ