ДӮСТӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи "Ваҳдат" бо аъзову ҷонибдорони ҲХДТ суҳбату вохӯрӣ доир намуданд.
Ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ, ташкил намудани корҳои фаҳмонидадиҳӣ, баҳри зиёд намудани сафи аъзои ҳизб, обунашавӣ ба рӯзномаҳои ҳизбии "Минбари халқ" ва "Ҳамрози халқ"", пешгирии наврасону хонадагон аз истифодаи телефони мобилӣ ва фарҳанги истифодабарии интернетро дар бар мегирифт.