БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН СОДИҚОНА БАҲРИ ОБОДИИ ДИЁР САҲМ МЕГУЗОРАНД

ВОСЕЪ. Дар ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулини ҳизбӣ, раиси ҷамоати номбурда, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза  оид ба сафарбар намудани ҷавонон барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва инчунин, саҳм гузоштан дар корҳои ободиву  созандагӣ суханронӣ намуданд.

Бояд қайд намоем, ки сокинони ҷамоати шаҳраки Ҳулбук дар ҳамаи чорабиниҳо ва корҳои оммавӣ пайваста фаъолона иштирок менамоянд ва баҳри ободии кӯчаву маҳаллаи худ саҳми беандозаи худро мегузоранд.

Бо мақсади ҷалби сокинон ба корҳои ободониву созандагӣ дар вохӯрии навбатӣ низ якчанд нафар раисони кӯчаву маҳаллаҳо барои фаъолияти пурсамар ва содиқонаашон бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ қадрдонӣ гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg