БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЙБ АСТ, КИ ДАР ҲУНАР НАКӮШӢ...

АНДЕША. Оре, ҳар як инсон бояд дар зиндагӣ бар он ҷахд намояд, ки то соҳиби касбу ҳунар бошад. Барои соҳибкасб гаштан бисёр омӯхтан лозим.
Шахсияти баркамол ва озодфикр ҳанӯз аз овони хурдӣ дар худ фикри интихоби ягон касбро мепарварад. Ин ақидаи бузургро ҳар инсон аз аввал бояд дар дилаш бедор кунад. Зеро равшании ҳар як рӯз аз оғози саҳари он маълум мегардад. Интихоби касб низ пешаи Худододист, ки табиатан дар дили кас пайдо мегардад.

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,
Меҳри онро дар дилаш андохтанд.

Барои омӯхтани касб ба ҳамаи он машаққату азиятҳо пуртоқат будан лозим аст. Агар пуртоқат набошем соҳиби ягон касб шуда наметавонем. Аммо шахсоне ҳастанд, ки ба ҳеҷ гуна душворӣ нигоҳ накарда, ҳунар меомӯзанд ва пешаи худро интихоб карда, ҳар лаҳзаи ҳаёташро баҳри касби пуршарафи худ дареғ надошта меҳнат мекунад. Агар кас пешаи дуруст интихоб карда меҳнат намояд, пас ӯ ҳамеша ҳама гуна ранҷро низ аз сари худ дур карда метавонад.

Хулоса, умр барои инсои танҳо як бор муяссар мегардад. Дар ин умри кӯтоҳ мебояд, ки танҳо илм омӯхта, соҳиби касбу ҳунар шуд. Интихоби касби  дурусту манфиатбахш тамоми умр ба инсон хушию сурур, рӯзгори осоишта ва хонаи обод меорад. Соҳибкасбон ҳамеша дар ҳама ҷо  соҳиби иззату эҳтироманд. Ифтихори бузург танҳо аз ҳунари воло ва касби пуршараф ба даст меояд.

Бинобар ин мо ҷавононро мебояд, ки лаҳзаҳои тиллоии худро беҳуда сарф накарда, ба омӯхтани касбу ҳунар бикӯшем, то дар зиндагӣ хору залил нагардем ва зиндагии шоистаи хешро бо дасти худ, бо меҳнати ҳалол ба даст орем.

Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg