НОРАК. Дирӯз раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумриниссо бо гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак оид ба масъалаҳои даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, вазъи кунунии давлати Афғонистон ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои тундрав вохӯрӣ доир намуд.
Дар маҷлис Қумриниссо Гулмуродзода дар бораи масъалаҳои болозикр сухан гуфта, таъкид кард, ки мо бояд ҳамеша дар байни ҷомеа бошем, хушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва тарбиятгари насли наврасу ҷавон бошему дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ саҳмгузорӣ намоем.