БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАРУРАТИ КАШФИ ВОСИТАҲОИ ҲАРАКАТКУНАНДАИ БАРҚӢ

АНДЕША. Мо мардуми Тоҷикистон даст ба гиребон гирифта, садҳо ҳазор бор шукронаи сарзамин ва ваҳдату ягонагӣ мекунем. Акнун фурсате фаро расидааст, ки дониш ва илми азхуднамудаи худро баҳри пешрафти кишвар истифода барем. Ба ҳамагон маълум аст, ки арзиши сӯзишворӣ баланд мешаваду аммо ҳанӯз ҳам талаботаш зиёд аст. Моро зарур аст, ки ҷавонони ихтироъкорро мутаҳҳид намуда, ба истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ камар бубандем. Зарурати истеҳсоли технология ва воситаҳои рақамии тариқи қувваи барқ ва офтоб зарур мебошад.

Дар ҷаҳони муосир тамоми донишмандони соҳаи технологияи ҷадид бо истифода аз неруи барқ воситаҳои гуногун месозанд. Масъалан воситаҳои ҳаракаткунандаи хурд, аз қабили дучархаҳо, ки  барои гашту гузор серталабот мебошад. Барои сохтани онҳо низ дар дохили кишвари мо имкониятҳои васеъ мавҷуд аст. Аз ин лиҳоз танҳо зарурати сарҷамъии ихтироъкорон зарур аст. Воситаҳои ҳаракаткунандаи барқӣ ба миқдори зиёд агар истеҳсол карда шаваду бо нархи дастрас пешниҳоди мизоҷон гардад, мо дар нигоҳдошти табиат, пешгирии танбашавии нақлиёт саҳмгузорӣ менамоем.

Мо имрӯз барои истеҳсол ва коркарди баъзан технологияҳои ҷадид аз як тараф базаҳои хуб  дошта бошем, аз ҷониби дигар тамоми истеҳсолкунандагони хориҷ маҳсули истеҳсолнамудаи худро дар шабакаҳои интернетӣ пахш менамоянд. Бо истифода аз навор ва тамос бо онҳо мо метавонем дар фурсатҳои кӯтоҳ истеҳсоли воситаҳои ҳаракаткунандаи барқиро истеҳсол намоем. Ҳоло замони пешрафти илму технология мебошад. Мо ҷавонони фаъол, қавиирода ва созанда дорем, ки дар истеҳсол ва омода намудани технологияи нав ҳунар ва фаҳмиши хуб доранд. Танҳо онҳоро ҷамъ намуда, ҷиҳати истеҳсоли воситаҳои гуногуни барқӣ масъалагузорӣ намудан кофӣ аст.

Дар ин масъала бояд ҷиддӣ бошему дар ҳар як шаҳру навоҳӣ иттиҳоди ихтироъкоронро вобаста ба мушкилоти маҳал ташкил намоем.

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg