БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Тоҷикстандарт» тибқи нақшаи корӣ маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардида, дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Қаҳҳоров Искандар ва Исоев Фаррух иштирок карданд.
Нахуст Қаҳҳоров Искандар оид ба пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба гурȳҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, муборизаи идеологӣ бар зидди ҳурофотпарастӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҷомеаи муосир, ки пур аз таҳаввулоту бархурдҳо ва рақобати давлатҳои абарқудрат дар васеъ кардани доираи нуфузи худ дар ҷаҳон шиддат мегирад, падидаҳои экстремистиву террористидоштаро низ дар шаклу қолабҳои нави харобиовар зуҳур карда истодаанд.
Терроризму экстремизм падидаи нав нест, аммо солҳои охир ба вабои аср ва омили хушунату ваҳшат ва таҳдид ба амнияти ҳар як кишвар ва сокинони сайёра табдил ёфтааст.
Аз ин рӯ ҷиҳати ҳифзи мафкураву маънавиёти ҷомеа ва дар миён наҷот бахшидани кишвар аз оқибатҳои нангбору мусибатовари ин зуҳуроти номатлуб лозим донистем мавзӯъи мазкурро то ҷое таҳлилу баррасӣ намоем.
Мутаасифона, терроризму экстремизм дар замони мо хусусияти ҷоҳонӣ касб карда, ҳизбу ҳаракатҳоро ва сомонаҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо усулҳои ғайриинсонӣ ба амал оварда, кишварҳои ободу пешрафтаро ба харобазор табдил диҳанд.