ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва нерӯи барқ дар маҳаллаҳои ноҳияи Фархор бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуданд.
Зимни суҳбат бо аҳолӣ оид ба солим нигоҳ доштани гигиенаи шахсӣ ва тозаву озода намудани гирду атрофи маҳали зист маслиҳатҳои муфид доданд. Инчунин, ба шахсони ниёзманд ниқобҳои яккаратаи муҳофизавӣ ва варақаҳои тарғиботӣ тақсим намуданд.
Ҳамзамон, оид ба истифодаи мақсадноки нерӯи барқ ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ варақаҳои таблиғотӣ ба ҳар оила дастрас намуданд.