БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободониву пешравиҳо аз ниятҳои созанда оғоз мегарданд

Ҷ.БАЛХӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Узун”  бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан масъулин атрофи  суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  вохӯрӣ бо намояндагони ҷомеаи кишвар, иштирок дар семинар-машварати  кишоварзони вилояти Хатлон,  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  андешаронӣ намуданд.   

Инчунин, дар ин раванд баромадкунандагон оид ба ҳадафҳои Барномавӣ ва Оинномавии ҲҲДТ, эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, риояи ҷиддии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия, саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ баҳри пешрафту шукуфоии Ватан, аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи дурусти фарзандон сухаронӣ карда шуда, иштирокдоронро ҷиҳати амалигардонии сиёсати дурандешонаи Роҳбари давлат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ даъват намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg