А.ҶОМӣ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фаҳмонидани самтҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар мавзȳъҳои тарғибу татбиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, рушди ҳунарҳои мардумӣ вобаста ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, корҳои хонагӣ, истифодаи самараноки нерӯи барқ ва дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо бо иштироки зиёда аз 200 нафар сокинони деҳаи Роҳи Ленини ҷамоати деҳоти Ифтихор вохȳриву суҳбатҳои судманд баргузор гардид.
Пеш аз оғози чорабинӣ меҳмононро хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 19-и деҳаи мазкур бо як эҳсосоти баланди ватандориву хештаншиносӣ ва қироати шеър пешвоз гирифтанд, ки боиси қаноатмандии меҳмонон ва сокинони маҳалла гардид.
Зимни суханронӣ раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, Муҳаммадовуд Ҳалимов оид ба самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он маълумоти муфассал дод.
Аз он ҷумла қайд карда шуд, ки тибқи Қонунҳои милили амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ташну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», тамоми кȳшишу ғайрат ба харҷ дода шавад.
Дар охир Муҳаммадовуд Ҳалимов ҷараёни кори вохӯриро ҷамъбаст намуд.