ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва ибтикори ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Лоҳутӣ” бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб, кӯчаҳои деҳаи Лоҳутии Ҷамоати деҳоти Истиқлол тариқи ҳашар бо иштироки зиёда аз 80 нафар ба масофаи зиёда аз 3000 метр сангфарш ва мавриди истифодаи сокинон қарор дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки то имрӯз сокинон ҳангоми гузар кардан аз ин кӯчаҳо бисёр азият мекашиданд ва хушбахтона ин душворӣ дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” ҳалли худро пайдо намуда, сокинон метавонанд дар чор фасли сол озодона аз ин роҳҳо истифода намоянд.