БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

УЗВИ ҲХДТ БУДАН ИФТИХОР АСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қизил-намуна”  вохӯрии  масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  бо аъзо, фаъолони ҳизб зери шиори “узви ҲХДТ будан ифтихор аст” баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ Алиев Зафар оид ба мақсаду мароми ҲХДТ ҳамчун ҳизби пешоҳанги ҷомеа, пешравиҳои он дар замони Истиқлол  ибрози назар намуда, қайд кард, ки ин ҲХДТ зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шостаи мардум” фаъолияти худро ба роҳ мондааст.  Инчунин,  мавсуф дар бораи, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентӣ, аз ҷумла кишти такрорӣ истеҳсоли захираи кофии маводи хӯрокворӣ, барои фасли сармо, пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, татбиқи Аксияҳои ҳизбӣ, дастовардҳои даврони Истиқлол, ҳифзи арзишҳои миллӣ суханронӣ намуда, дар фарҷоми вохӯрӣ ба аъзои нав шаҳодатномаҳои ҳизбиро тақдим намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg