ПАНҶ. Ҷиҳати боз ҳам густариш бахшидани робитаи ҳизб бо мардум ва сокинони касбу кори гуногун дар амалӣ гардонидани ҳадафу мақсад ва кору пайкори созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсиси ташкилотҳои ҳизбӣ хеле мақсаднок аст.
Ба ин хотир, дар муассисаи давлатии варзишгоҳи марказии ноҳияи Панҷ, маҷлиси муассисисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ доир гардида, таъсис дода шуд.
Дар оғоз сарвари варзишгоҳи марказии ноҳия Латипов Алиҷон баромад намуда, ҳозиринро бо ҳадафҳои ҷамъомад ошно сохта, қайд кард, ки кормандони варзишгоҳ нақши шоистаи ҲХДТ-ро дар мавриди таҳким бахшидани сатҳи зиндагии мардум хуб дарк намудаанд. Бинобар ин ҳама якдилона мехоҳанд, ба сафи ин ҳизби созандаву бунёдкор шомил гардида, дар корҳои ободонию созандагӣ саҳми хешро бештар гузоранд.
Инчунин, дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзиев Каримҷон баромад намуда, аз ҳадафҳои созандаи ҳизб ҳарф зада, зикр кард, ки бо роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо рӯз то рӯз ободу пешрафта гардида, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми бузургеро молик гардидааст.
Ҳамзамон, дар ҷамъомади мазкур мавзӯъҳои ташаккули фарҳанги техникии ҷавонон, мубориза алайҳи нашъамандӣ, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ва риояи қонунҳои миллии қабулгардидаи Ҳукумати кишвар дар меҳвари вохȳрӣ қарор доштанд.
Ёдовар мешавем, ки иншооти мазкур дар арафаи ҷашни 26 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт ва он туҳфаи беназири Сарвари давлат ба дӯстдорони варзиш ва сокинони ноҳия дар арафаи ин ҷашни бузурги миллӣ буд.
Дар фарҷом, ба якчанд нафар кормандони ин муассиса аз ҷониби раиси комиҷроия дар ноҳия шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.