ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор корҳои тарғиботиро оид ба самаранок истифодабарии қувваи барқ, пешгирии паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ бо усули «хона ба хона» дар ҳудуди маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Фархор доир намуданд.
Кормандони ҳизбӣ дар ин рӯз бо зиёда аз 280 нафар сардорони оилаҳо суҳбат намуда, ба онҳо оид ба масъалаҳои болозикр маводҳои таблиғотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим намуданд.