ПАНҶ. Имрӯзҳо масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии "COVID-19" дар маҳаллаҳо ва кӯчаву роҳравҳо корҳои фаҳмонидадиҳиро бо усули “хона ба хона” ва “рӯ ба рӯ” ба роҳ монда, оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, бахусус, риоя кардани масофаи байниҳамдигарӣ, тез-тез шустани дастон бо собун, пӯшидани ниқоби тиббӣ, худдорӣ аз анъанаҳои хурофотӣ (аз қабили бӯса кардан, баоғӯш гирифтан), худдорӣ кардан аз нӯшидани нӯшокиҳои хунук, ба шаҳрвандон фаҳмонида, ба онҳо тавсия доданд, ки гигиенаи шахсиро риоя намоянд. Инчунин, ба сокинон муроҷиатномаҳо, тавсияҳои табибон оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ниқобҳои тиббӣ дастрас карда шуд.