ВОСЕЪ. Варзиш гарави саломатӣ буда, шахси ба он машғулшуда метавонад, ки ҳама вақт ҷавону солим ва бардам бошад. Инчунин, варзишро роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат ва дӯсти низ меноманд.
Бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонону наврасон ба машғулияти ҷисмонии варзишӣ, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни ҷавонон, дур намудани ҷавонон аз нашъамандӣ ва ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ ва тарғиби васеи бозии футбол дар саросари мамлакат, тӯли чанд вақт аст, ки бозии футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни дастаҳои ғайрикасбӣ бо маром идома дорад.
Бояд қайд намоем, ки дастаи ноҳияи Восеъ низ дар чанд даври ин мусобиқа фаъолона иштирок намуда, дар даври навбатии мусобиқаи футболи хурд миёни дастаҳои ноҳияҳои Фархор ва Восеъ, ки дар майдончаи футболи шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, бо ҳисоби 5 бар 1 ба бартарии дастаи футболи ноҳияи Восеъ анҷом ёфт.