Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Навобод” вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо аъзо, фаъолони ҳизб бо мақсади баланд бардоштани нуфузу эътибори ҳизб зери шиори “Узви ҲХДТ будан ифтихор аст!” баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ Алиев Зафар оид ба мақсаду маромҳои ҳизби пешоҳанги ҷомеа, пешравиҳои он дар замони Истиқлол, ҳизби мардумӣ будани он ибрози назар намуда, қайд кард, ки ин ҳизб зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шостаи мардум” фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Инчунин, дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентӣ, аз ҷумла кишти такрорӣ истеҳсоли захираи кофии маводи хӯрокворӣ, захира кардани ғалладонагӣ, пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, татбиқи аксияҳои ҳизбӣ, дастовардҳои даврони Истиқлол, ҳифзи арзишҳои миллӣ суханронӣ карда шуда, дар фарҷом ба аъзои наве, ки ба сафи ҳизб пазируфта шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.